- андоз
- I[انداز]1. асоси замони ҳозира аз андохтан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънии иҷрокунандаи амал ё соҳиби касбу кор: сангандоз, тирандоз…II[انداز]пул ё моле, ки давлат аз даромади одамон ва корхонаҳо ё аз замину хона, чорво, нақлиёт ва ғ. ба таври ҳатмӣ меғундорад, хироҷ; андози молӣ андозе, ки дар шакли чиз, мол ё чорвои зинда гирифта мешуд; андози нақда андози пулӣ; андози мустақим андози доимӣ, андози тағйирнаёбанда; андози ноустувор андозе, ки ҳамеша тағйир меёбад ва каму зиёд мешавад; андоз гирифтан андоз ҷамъ кардан, хироҷ гирифтан; андоз додан хироҷ додан, аз ҳисоби ҳосил ба миқдори муайян ба давлат чиз ё пул супурдан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.